Апрел 07, 2018 21:18 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Русия ба таҳримҳои ҷадиди Амрико

Вазорати хориҷаи Русия ҷумъа шаб дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Русия дар баёнияе эълом кард, ки Маскав ба таҳримҳои ҷадиди Амрико ва ҳаргуна иқдоме, ки дар оянда алайҳи Русия сурат гирад, посухи қотеъ хоҳад дод.

Дар ин баёния таъкид шуда фишорҳое, ки Амрико ба Русия ворид мекунад, тағйире дар сиёсате, ки Маскав дар пеш гирифта, эҷод нахоҳад кард.

Тибқи ин баёния, Вашингтон бо эъмоли таҳрим алайҳи Русия ба раъйдиҳандагони амрикоӣ ва манофеи иқтисодии худ зарба мезанад.  

Вазорати дороии Амрико ҷумъа аз таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия ба баҳонаи душмании Русия бо демократияҳои ғарбӣ хабар дод ва эълом кард:

"24 шахс ва 12 ширкати русиро ба далели ончи иқдомоти шаруронаи давлати Русия хонда, таҳрим кардааст".  

Дар ин росто, 17 мақоми аршади рус ва ҳафт тоҷири сарватманд ва пурнуфуз, аз чеҳраҳои наздик ба Владимир Путин ба феҳрист таҳримҳо изофа шудаанд.

Денис Манторов, вазири санъат ва тиҷорати Русия гуфтааст:

“Ширкатҳои ҳадафи таҳримҳои Амрико аз кумакҳои давлатӣ баҳраманд хоҳанд шуд”.

Сергей Рогов, устоди улуми сиёсии русӣ муътақид аст:

“Имрӯз ҷанги сарди ҷадиде байни Русия ва Амрико дар ҷарён аст”.

Тамдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Русия нишон медиҳад, ки Вашингтон бар идомаи фишорҳо алайҳи Маскав ба ановин ва баҳонаҳои мухталиф мусаммам аст.

Масоиле монанди илҳоқи шибҳҷазираи Қрим ба Русия ва дахолати Маскав дар буҳрони шарқи Украина ва аз ҳама муҳимтар масъалаи дахолати Маскав дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико,баҳонаи таҳримҳои Амрико алайҳи Русия аз соли 2014 токунун будааст.  

Алексей Мухин, таҳлилгари сиёсии Русия муътақид аст:

“Тарроҳони таҳримҳои ҷадиди зидди Русия дар Амрико иштибоҳи бузургеро муртакиб шудаанд”.

Ба рағми тадовуми сиёсати ташдиди фишор аз сӯи Амрико,бо ин ҳол русҳо на фақат дар муқобили фишорҳо ва иқдомоти хасмонаи Вашингтон муқовимат кардаанд, балки ба иттихози иқдомоти мутақобил пардохта ва дар айни ҳол таҳримҳоро аз таҳдид ба фурсат табдил кардаанд.

 

 

 

 

Барчасп