Дастури нахуствазири Русия барои талофии таҳримҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32442-Дастури_нахуствазири_Русия_барои_талофии_таҳримҳои_Амрико
Нахуствазири Русия ба давлати ин кишвар дастур дод, тарҳҳое барои иқдомоти талофиҷуёнаи эҳтимолӣ дар баробари таҳримҳои Вашингтон омода кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 09, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Дастури нахуствазири Русия барои талофии таҳримҳои Амрико

Нахуствазири Русия ба давлати ин кишвар дастур дод, тарҳҳое барои иқдомоти талофиҷуёнаи эҳтимолӣ дар баробари таҳримҳои Вашингтон омода кунад.

Дмитрий Медведев таҳримҳои ҷадиди Амрикоро алайҳи Русия ғайри қобили пазириш ва номшруъ донист ва гуфт: Маскав ҳаққи вокуниши мутақобилро барои худ маҳфуз медонад.

Ӯ ба давлати ин кишвар дастур дод, тарҳе барои ҳимоят аз ширкатҳои мавҷуд дар феҳристи таҳримҳои Амрико омода кунад.