Апрел 10, 2018 14:20 Asia/Dushanbe
  • Трамп ва таҳдиди Сурия ба ҳамлаи низомӣ

Ҳамзамон бо нокомии Амрико ва муттаҳидонаш дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар сари мавзӯи ҳамлаи кимиёӣ дар Сурия, мақомоти амрикоӣ аз ҳамлаи қарибулвуқӯи низомӣ ба ин кишвар хабар доданд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико асри рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар нишасти кобинаи ин кишвар гуфт, тайи 24 то 48 соати баъдӣ, тасмими муҳиме дар иртибот бо Сурия рӯйи даст гирифта хоҳад шуд.

Вай бо таъкид бар ин ки гузинаи иқдоми низомӣ ҳамчунон рӯйи миз аст, афзуд, фармондеҳони аршади артиши Амрико машғули баррасии роҳҳои нишон додани вокуниш ба ҳамлаи кимиёӣ дар минтақаи Думаи шаҳри Ғутаи Шарқии Сурия ҳастанд.

Амрико ва муттаҳидони аврупоӣ - арабии Вашингтон муддаӣ ҳастанд, давлат ва артиши Сурия масъули ин ҳамлаи кимиёӣ ҳастанд ва ба ҳамин далел низ нишасте дар Шӯрои амнияти Созмони Милал барои маҳкумияти Димишқ ва муттаҳидони он дар ҷанги ҳафтсолаи Сурия баргузор шуд.

Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ таҳқиқе дар мавриди ин рӯйдод анҷом нагирифтааст ва ҳеҷ мадраке аз нақши мустақим ё ғайримустақими Димишқ дар ихтиёр нест.

Бо ин ҳол, эътилофи ҷанг зидди миллати Сурия барои ҷилавгирӣ аз шикасти террористҳо ва шӯришиён дар ин кишвар ва водоштани Трамп ба пайравӣ аз сиёсати идомаи ҳузур дар ҷанги Сурия, ба рӯйдод пайвастаанд, ки асли он мавриди шакку тардид қарор дорад.

15 соли пеш низ амрикоиҳо бо фазосозӣ алайҳи Ироқ ва ироаи иттилооти дурӯғ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал, ин кишварро ҳадафи ҳамла қарор доданд ва садҳо ҳазор танро ба коми марг фиристоданд.

Бозигари аслии ин намоиши фиреб, Колин Пауэлл, вазири умури хориҷаи вақти Амрико баъдҳо эътироф кард, ки иттилооти тарҳшуда дар ҷаласаи пуртаниши апрели 2003 -и Шӯрои амният дар бораи силоҳҳои куштори ҷамъии Ироқ дурӯғ будааст.

Акнун ҷаҳон дар остонаи ҷанги дигаре бар пояи иттилооти номуътабар ва ин бор дар Сурия қарор дорад.

Ба назар мерасад, ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Сурия аз абъоди густурдатаре дар муқоиса бо ҳамлаи соли қабли Амрико ба пойгоҳи ҳавоии "Шаъирот" (Эш-Шайрат)- и Сурия баъд аз ҳамлаи кимиёи Хон Шайхун бошад.

Трамп ошкоро таҳдид кардааст, ки алайҳи Русия ва Эрон иқдом хоҳад кард. Ҷудо аз ин ки чунин иқдоме то чӣ андоза эҳтимол дорад ва низ муваффақиятомез бошад, нишон медиҳад, ки эътилофи дар ҳоли шикаст дар ҷанги Сурия дар талош аст шӯълаҳои ин ҷангро ба саросари минтақаи ғарби Осиё ва чӣ басо фаротар аз он густариш диҳад. Он ҳам дар ҳоле, ки Шӯрои амнияти Созмони Милал ба унвони ниҳоди тазминкунандаи сулҳ ва амният дар ҷаҳон, муҷаввизи иқдоми низомии Амрико ва муттаҳидонаш дар Сурияро содир накардааст. Аз ин рӯ, ҳар гуна иқдоми эҳтимолии низомӣ нақзи ҳокимияти миллии Сурия хоҳад буд, ки бепосух нахоҳад монд.

Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милал дар нишасти душанбешаби Шӯрои амнияти Созмони Милал сароҳатан гуфт, Маскав ба Вашингтон ҳушдор додааст, ки ҳамла ва иқдоми низомӣ дар Сурия метавонад ба авоқиби вахим хотима ёбад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ки вуруд ба ҷангҳо иқдоме сода ва хуруҷ аз он бисёр душвор хоҳад буд. Ҳанӯз мардуми Амрико баъд аз 15 сол ҳазинаи сангини саҳнасозии давлати вақти ин кишварро барои тавҷеҳи ҳамла ба Ироқ пардохт мекунанд. Такрори ин таҷриба дар Сурия, кишваре, ки бар хилофи режими баъси Ироқ аз муттаҳидони қавии минтақаӣ ва фароминтақаӣ бархурдор аст, метавонад зиндагии наслҳои баъдии Амрикоро таҳти таъсир қарор диҳад.