Илҳом Алиев бори дигар раисҷумҳури Озарбойҷон шуд
Бар асоси натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аксарияти ороро ба даст овардааст.
Мазоҳир Паноҳов гуфт: Аз маҷмуи се миллиону 959 ҳазору 553 раъйи ахзшуда, токунун се миллиону 723 ҳазору 278 раъй шумориш шудааст, ки 86 дарсади оро барои Илҳом Алиев будааст.
Вай афзуд: Рақибони Илҳом Алиев шомили Ороз Ализода аз ҳизби сотсиал-демократ 1.39 дарсад, Қудрат Ҳасанқулиев аз ҳизби ҷибҳаи халқи якпорча 3.04 дарсад, Фараҷ Қулиев аз ҳизби растохези миллӣ 1.18 дарсад, Ҳофиз Ҳоҷиев аз ҳизби мусовоти муосир 1.5 дарсад, Розӣ Нуруллоев аз гурӯҳи ибтикори ҷибҳаи халқ 0.75 дарсад, Сардор Ҷалолуғлӣ аз ҳизби демократ 3.02 ва Зоҳид Аруҷ, номзади мустақил 3.11 дарсади ороро касб кардаанд.
Илҳом Алиев аз 2003 дар маснади раёсатҷумҳурии Озарбойҷон аст.