Апрел 13, 2018 17:32 Asia/Dushanbe
  • Дархости Чин аз Ғарб дар хусуси худдорӣ аз ҳамла ба Сурия

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин аз Ғарб хост аз ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолӣ ба баҳонаҳои беасос ба Сурия худдорӣ кунад.

Ба гузоришӣ ИРНА Генг Шуонг имрӯз ҷумъа дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар Пекин гуфт, кишварҳои ғарбӣ бояд аз ҳар иқдоми танишзо, ки ба ноамнӣ ва бесуботии минтақа доман мезанад, парҳез кунанд.

Сухангӯи вазорати умури хорҷаи Чин афзуд, Пекин ҳамеша мухолифи таҳдид ба қудрати низомӣ барои ҳалли масоили байналмилалӣ будааст ва аз кишварҳо мехоҳад ба маншури Шӯрои амнияти Созмони милал пойбанд бошанд.

Нигаронии Чин дар хусуси бештар шудани танишҳо дар Сурия замоне оғоз шуд, ки Амрико аз барномарезӣ барои ҳамлаи мушакӣ ба Сурия хабар додааст ва Русия низ эълом кард, дар ин хусус сукут нахоҳад кард.

Амрико ахиран дар сенарияе такрорӣ, бо муттаҳам кардани Сурия ба истифода аз силоҳи химиявӣ дар Думо дар Ғутаи Шарқии устони Рифи Димишқ, давлати Сурияро таҳдид кардааст, ки посухи ин иқдомро дарёфт хоҳад кард.

Амрико понздаҳ сол пеш низ бо фазосозӣ зидди Ироқ ва ироаи иттилооти дурӯғ дар Шӯрои амнияти Созмони милал, ин кишварро ҳадафи ҳамла қарор дод ва боиси марги ҳазорон шаҳрванди ироқӣ шуд.

 

Барчасп