Апрел 14, 2018 16:11 Asia/Dushanbe
  • Тавҷеҳи мақомоти фаронсавӣ дар мавриди ҳамла ба Сурия

Раисиҷумҳури Фаронса, ҳамроҳӣ бо Амрико ва Бритониё барои мудохилаи низомӣ дар Сурияро тавҷеҳ кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, сафҳаи раёсатҷумҳурии Фаронса дар шабакаи иҷтимоии “Твиттер”, рӯзи шанбе тасовире аз мушорикати ҷангандаҳои “Рафаэл”-и ин кишварро дар ҳамла ба Сурия, мунташир кард.

Дар ин гузориш омадааст, ҷангандаҳои “Мираж” ва “Рафаэл” ҳамроҳ бо чаҳор киштии ҷангӣ дар ҳамлаи мушакӣ ба Сурия, мушорикат доштанд.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ бо таъйиди ҳамроҳии Порис бо Вашингтон ва Лондон дар ҳамла ба Димишқ гуфт, дастури ин ҳамларо худаш содир кардааст.

Жан-Ив Ле Дриан, вазири дифои Фаронса низ дар нишасти хабарии муштарак бо Флоранс Парли, вазири дифои ин кишвар иддао кард, ҳамалот ба Сурия машрӯъ буда, аммо бо ҳадафи сарнагунии давлати Димишқ набудааст.

 

Барчасп