Толибон барқи чанд вилоят ва пойтахти Афғонистонро қатъ кард
Апрел 14, 2018 16:54 Asia/Dushanbe
Аъзои гурӯҳи Толибон бо мунфаҷир кардани як пояи барқ дар вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон, ҷараёни барқи чанд вилоят аз ҷумла Кобул, пойтахти ин кишварро қатъ карданд.
Идораи тавзеи барқи Афғонистон эълом кард, пояи барқи воридотӣ имрӯз (шанбе) бо бомб мунфаҷир шуд, ки бар асари он ҷараёни барқи вилоятҳои Кобул, Вардак ва Парвон қатъ шуд.
Пештар низ аъзои гурӯҳи Толибон бо мунфаҷир кардани се пояи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистон ба шаҳри Кобул дар шимоли Афғонистон, ҷараёни барқи ин шаҳрро қатъ карда буданд.
Мардуми Афғонистон бо камбуди барқ рӯ барӯ ҳастанд.
Барчасп