Идомаи эътирозҳо зидди ҳамлаи сегонаи шум ба Сурия
Ҳамлаи низомии Амрико ба Сурия, маҳкумиятҳо ва вокунишҳои шумори зиёде аз мақомот, сиёсатмадорон ва аҳзобро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар пай дошт.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин, намояндаи Чин дар Созмони милали муттаҳид, муовини нахуствазир ва сухангӯи давлати Туркия, вазири хориҷаи Япония, дабири Созмони танзими уламои исломи Ҳинд ва сафири собиқи Покистон дар Вашингтон, бо маҳкум кардани ин иқдом, онро муғоир бо қонунҳои байналмилалӣ хонданд.
Ҳамчунин баъзе мақомоти аршади олмонӣ, нахуствазири Италия, раиси ҷумҳурии Венесуэла, муовин дабири кулли иттиҳодияи шуғли Тунис, раиси ҳизби ростгарои ҷабҳаи миллии Фаронса ва баъзе сиёсатмадорони матраҳи мухолифи давлати Фаронса, ҳалли мавзӯи Сурияро бо ҳамлаҳои низомӣ муяссар надонистанд ва хостори роҳи ҳалли сиёсӣ шуданд.
Дар пайи ҳамлаи Амрико, Фаронса ва Бритониё ба Сурия, фаъолони зидди ҷанг дар баробари сафорати Амрико дар Рум таҷаммӯи эътирозӣ баргузор ва ин ҳамларо маҳкум карданд.
Мардуми шаҳри Берлин пойтахти Олмон низ дар эътироз ба ин таҷовузи низомӣ ба хиёбонҳо омаданд, то ҳимояти худро аз давлат ва мардуми Сурия эълом кунанд.
Шаҳрвандони юнонӣ ҳам дар шаҳри Афина пойтахти Юнон бо баргузории роҳпаймоӣ, эътирози худро алайҳи ҳамлаҳои Амрико, Англия ва Фаронса ба Сурия нишон доданд.
Кишварҳои Аргентина, Бразилия ва Перу низ дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Амрикоӣ дар Лима пойтахти Перу, бо вуҷуди ҳимояти нахуствазири Канада аз ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва муттаҳидонаш, дар бораи ташдиди ин ҳамлаҳо ибрози нигаронӣ карданд.