Апрел 15, 2018 20:15 Asia/Dushanbe
  • Русия алоқаманд ба сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон

Раиси ширкати давлатии энержии ҳастаии Русия “Росатом” дар дидор бо нахуствазири ин кишвар гуфт: Дар ҳоли ҳозир бо давлати Узбакистон шароити инъиқоди қарордоди байнидавлатӣ барои сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар дасти баррасӣ аст.  

Ба нақл аз Форс, Алексей Лихачев, раиси Ширкати давлатии энержии ҳастаии Русия “Росатом” дар дидор бо Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишвар гуфт: Дар ҳоли ҳозир бо давлати Узбакистон шароити инъиқоди қарордоди байнидавлатӣ барои сохти нерӯгоҳи ҳастаиро баррасӣ мекунем.

Лихачев идома дод: Гарчи дар Узбакистон дар замони Шӯравӣ реакторҳои пажуҳишӣ фаъолият карданд, вале акнун нерӯгоҳи бузурге дар ин кишвар вуҷуд надорад.