Оғози сафари серӯзаи вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ба Осиёи Марказӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32752-Оғози_сафари_серӯзаи_вазири_умури_хориҷаи_Кореяи_Ҷанубӣ_ба_Осиёи_Марказӣ
Вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ сафари серӯзаи худро ба минтақаи Осиёи Марказӣ ба манзури тақвияти равобити дуҷониба бо кишварҳои ин минтақа оғоз кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 16, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
  • Оғози сафари серӯзаи вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ба Осиёи Марказӣ

Вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ сафари серӯзаи худро ба минтақаи Осиёи Марказӣ ба манзури тақвияти равобити дуҷониба бо кишварҳои ин минтақа оғоз кард.  

Канг Киюнг Ва субҳи душанбе кишварро ба мақсади Қазоқистон ва сипас Узбакистон тарк кард.  

Вай сешанбе ва чаҳоршанбе ба тартиб бо ҳамтоёни қазоқ ва узбаки худ дидор мекунад ва қарор аст, дар ин дидорҳо дар бораи роҳҳои тақвияти равобит ва манофеи мутақобил ва низ шароити кунунӣ дар шибҳҷазираи Корея бо масъулони ду кишвар гуфтугӯ кунад.  

Қазоқистон узви ғайридоими Шӯрои амният аст ва ин ду кишвари Осиёи Марказӣ дар мавзуоти муртабит бо шибҳҷазираи Корея аз Кореяи Ҷанубӣ ҳимоят мекунанд.