Посухи манфии Толибон ба Ашраф Ғанӣ барои ширкат дар интихобот
(last modified Mon, 16 Apr 2018 16:19:50 GMT )
Апрел 16, 2018 21:19 Asia/Dushanbe
  • Посухи манфии Толибон ба Ашраф Ғанӣ барои ширкат дар интихобот

Гурӯҳи Толибон дар посух ба дархости раисҷумҳури Афғонистон эълом кард, афроди ин гурӯҳ дар интихоботи парлумонӣ ширкат намекунанд.

Толибон дар баёнияе, ки аз тариқи расонаҳои ҷамъии Афғонистон мунташир шуд, эълом кард, Толибон натанҳо дар интихобот ширкат намекунад, балки аз мардум низ мехоҳад, онро таҳрим кунанд.  

Толибон муътақид аст, бо ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон, ин амрикоиҳо ҳастанд, ки дар бораи ин кишвар тасмим мегиранд.