Апрел 18, 2018 19:09 Asia/Dushanbe
  • Гузориши созмони аврупоӣ дар бораи ҳамлаи химиявӣ дар Думаи Сурия

Институти швейтсарияӣ бо истинод ба гузориши як шабакаи телевизионӣ эълом кард, ҳеҷгуна шавоҳид ва мадорике дар бораи истифода аз таслиҳоти химиявӣ дар Думаи Сурия вуҷуд надорад.  

Муассисаи таҳқиқотии швейтсарияии бозаргонӣ ва иқтисоди Базел, гузориши худро бо истинод ба таҳқиқи майдонии истгоҳи телевизионии амрикоии мавсум ба OANN, ки аз сокинон ва пизишкон дар минтақа савол ва ҷавоб карда буд, эълом кард.  

Ин муассисаи швейтсарияӣ ҳамчунин эълом кард, барои дастёбӣ ба сулҳ дар Сурия бояд ҳама иқдомоти низомии хориҷ аз чорчуби Созмони милал мутаваққиф шавад.  

Амрико ба ҳамроҳи Британия ва Фаронса муддаии истифода аз таслиҳоти химиявӣ дар шаҳри Думаи Сурия шуданд ва ба ҳамин баҳона, 14 апрели 2018 ба Сурия ҳамлаи мушакӣ карданд.

 

Барчасп