Пайдо шудани бомбаи 500-килоӣ дар Олмон
(last modified Fri, 20 Apr 2018 14:10:37 GMT )
Апрел 20, 2018 19:10 Asia/Dushanbe
  • Пайдо шудани бомбаи 500-килоӣ дар Олмон

Пайдо шудани як бомбаи натаркидаи ҷанги ҷаҳонии дувум сабаби холӣ кардани бахшҳое аз манотиқи марказии шаҳри Берлин, пойтахти Олмон шуд.

Ба гузориши расонаҳои олмонӣ, як бомбаи натаркида аз замони ҷанги ҷаҳонии дувум дар наздикии истгоҳи марказии роҳи оҳани шаҳри Берлин пайдо ва манотиқи атрофи он тиҳисозӣ шудааст.

Ин бомбаи 500-килограммии бритониёӣ дар хиёбони Ҳоедштраш ёфт шуда ва полис дастури тиҳисозии ҳамаи сохтмонҳоро то фосилаи 800-метрии он содир кардааст.

Бар асоси ин гузориш, теъдоде аз биноҳо аз ҷумла истгоҳи марказии роҳи оҳан, вазорати иқтисод, хадамоти федералии иттилоот ва сафоратхонаҳои Индонезия ва Узбакистон тиҳисозӣ шудаанд.

Тиҳисозии ин минтақа сабаби ба ҳам хурдани назми ҳаракати мошинҳо дар роҳҳо ва қатораҳо дар роҳи оҳан дар маркази Берлин шудааст.

Ҳафтаи гузашта низ коршиносони безарарсозии бомба муваффақ шуданд, як бомбаи 1.8 тонаи англисиро, ки дар шаҳри Подерзборн ёфт шуда буд, беасар кунанд.