Гутерреш: Ба даврони ҷанг сарди меравем
(last modified Mon, 23 Apr 2018 05:13:59 GMT )
Апрел 23, 2018 10:13 Asia/Dushanbe
  • Гутерреш: Ба даврони ҷанг сарди меравем

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҷаҳон акнун шоҳиди ҷанги сарди дигаре аст.

Ба гузориши ИРНА, Антониу Гутерреш дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии SYT-и Шветсия гуфт, ҷанги сард дубора ба ҷаҳон бозгаштааст, аммо Амрико ва Русия чун ҷанги сарди пешин ҳама чизро дар контрол надоранд, зеро кишварҳои минтақа низ бисёр фаъоланд. Ӯ афзуд, дар ҷанги сарди пешин созукорҳое барои гуфтугӯ, контрол ва иртибот вуҷуд дошт ва шароит аз контрол хориҷ намешуд, вале ин созукорҳо имрӯз вуҷуд надоранд.

Равобити Русия бо Амрико ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар масоили Сурия, Украина ва парвандаи масмум шудани Сергей Скрипал ва духтараш дар Солсбери (ҷануби Бритониё) пуртаниш аст. Вашингтон аз соли 2014 таҳримҳо ва сиёсатҳои иқтисодии зиддирусиро ҳамроҳи Иттиҳоди Аврупо пеш гирифт ва низомиёни Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва Амрико низ ҷангафзорҳои пешрафта ва сомонаҳои мушакиеро дар кишварҳои Каронаи Балтика ва шарқи Аврупо мустақар карданд.