Апрел 25, 2018 14:36 Asia/Dushanbe
  • Оғози 9-умин нишасти амниятии панҷ қораи ҷаҳон дар Русия

Нуҳумин нишасти амниятии Русия бо ҳузур болотарин мақомоти амниятӣ ва дабирони Шӯрои амнияти панҷ қораи ҷаҳон, дар шаҳри Сочи баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, нишасти амниятии Русия бо паёми Владимир Путин, ки Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии ин кишвар онро қироат кард, имрӯз (чаҳоршанбе) ба таври расмӣ оғоз шуд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, суханрони нахусти ин иҷлос аст.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти милли Эрон ҳам аз суханронони маросими ифтитоҳияи ин иҷлоси ду рӯза аст.

Буҳронҳои байналмилалӣ, роҳбурдҳои созмонҳои байналмилалии террористӣ, амнияти иттилооти байналмилалӣ ва таҳдидоти ношӣ аз тавлид ва густариши маводи мухаддир аз мавзуоте аст, ки дар ин нишаст баррасӣ мешавад.

Нишасти байналмилалии намояндагони аршади масъул дар умури амнияти кишварҳои панҷ қора, то фардо идома дорад ва вазири умури хориҷаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар назар дорад, ҳудуди 40 ҷаласаи дуҷониба дар тайи ин ду рӯз баргузор кунад.