Путин: Ғарб ба террористҳо дар Сурия кумак кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33212
Раисҷумҳури Русия ҳадафи ғарбро аз ҳамлаи мушакӣ ба Сурия кумак ба террористҳо донист.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 25, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Путин: Ғарб ба террористҳо дар Сурия кумак кард

Раисҷумҳури Русия ҳадафи ғарбро аз ҳамлаи мушакӣ ба Сурия кумак ба террористҳо донист.  

Владимир Путин дар паёми худ ба нуҳумин Иҷлоси мақомоти олии амниятӣ аз панҷ қораи ҷаҳон дар шаҳри Сочӣ бо интиқод аз ҳамлаи мушакии Фаронса, Амрико ва Британия ба Сурия гуфт: Ҳамлаи мушакии ғайриқонунии ба Сурия, ба нафъи террористҳо ва ҷинояткорони фаромиллӣ аст, ки муноқишаҳо ва буҳронҳои миллиро ба вуҷуд меоварад.  

Путин дар паёми худ, ки Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия онро қироат мекард, афзуд, бархе аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ғолибан талош мекунанд, усул ва меъёрҳои пазируфташударо нодида бигиранд.