Макрон: Трамп эҳтимолан аз БАРҶОМ хориҷ мешавад
(last modified 2018-04-26T06:22:39+00:00 )
Апрел 26, 2018 11:22 Asia/Dushanbe
  • Макрон: Трамп эҳтимолан аз БАРҶОМ хориҷ мешавад

Эманоел Макрон-раиси ҷумҳури Фаронса дар поёни сафари худ ба Амрико аз эҳтимоли хориҷ шудани Доналд Трамп-раиси ҷумҳури ин кишвар аз БАРҶОМ хабар дод.

Эманоел Макрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи донишҷӯёни донишгоҳи "Ҷорҷ Вашингтон" дар бораи эҳтимоли хориҷ шудани Трамп аз БАРҶОМ изҳор кард, Намедонад раиси ҷумҳури Амрико чи тасмиме хоҳад гирифт, аммо эҳтимолан вай ба далелҳои дохилӣ аз тавофуқи ҳастаии Эрон хориҷ шавад.

Вай бо баёни инки раиси ҷумҳури Амрико иддао дорад БАРҶОМ бадтарин тавофуқи мумкин аст, таъкид кард: Хориҷ шудани Доналд Трамп  аз БАРҶОМ бахше аз стратегияи ташдиди таниш аст.

Раиси ҷумҳури Фаронса изҳор кард: Трамп фарде муомилагар ва хоҳони тавофуқе дар чорчуби шароити маддиназари худ аст.

Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико бо вуруд ба Кохи Сафед ҳамвора ба гумони худ БАРҶОМро тавофуқе бад хонда ва гуфтааст агар ин тавофуқ ислоҳ нашавад аз он хориҷ мешавад.

Ҳасани Руҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон тасреҳ кардааст: Агар Амрико БАРҶОМро зери по бигузорад болотарин ҳазинаро барои ин кишвар ва пойинтарин ҳазинаро барои Эрон хоҳад дошт.

Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон ҳам дар гуфтугӯ бо Асошайтед Пресс таъкид кард: Бо хориҷ шудани Амрико аз БАРҶОМ ба эҳтимоли зиёд Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам аз ин тавофуқ хориҷ хоҳад шуд.