Ситоиши Макрон аз таърих ва тамаддуни Эрон
(last modified 2018-04-26T15:13:44+00:00 )
Апрел 26, 2018 20:13 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши Макрон аз таърих ва тамаддуни Эрон

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар конфронси хабарӣ, ки дар  Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон баргузор шуд, гуфт, азамати Эронро наметавон инкор кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, Эммануэл Макрон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, мо бо мақомоти давлати Эрон гуфтугӯ мекунем, аммо инро бояд бигӯям, ки ҳеҷ қудрати хориҷӣ нахоҳад тавонист, ҷои ҳукумати феълии Эронро бигирад.

Макрон афзуд, Эрон кишваре бо тамаддуне бузург, бо азамат ва дорои забон ва адабиёти фохир аст ва наметавон ин масъаларо инкор кард.

Раисиҷумҳури Фаронса, ки барои дидор бо ҳамтои амрикоии худ ба ин кишвар сафар карда буд, дар бораи натиҷаи музокироташ бо Доналд Трамп дар бораи мондани Амрико дар тавофуқи ҳастаӣ низ гуфт: «бо таваҷҷуҳ ба изҳороти Трамп фикр намекунам, ки вай алоқае ба ҳифзи тавофуқ ҳастаӣ бо Эрон дошта бошад».