Зарари ҳангуфти Олмон аз таҳримҳои якҷонбаи Амрико алайҳи Русия
Утоқи бозаргонии Русия ва Олмон тайи баёнияе эълом кард, зарари Олмон аз таҳримҳои якҷонбаи Амрико алайҳи Русия ба якуним миллиард евро мерасад. Тибқи ин баёния, яке аз аҳдофи сафари Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ба Вашингтон маоф шудани ширкатҳои бузурги олмонӣ аз таҳримҳои Амрико дар иртибот бо мақомот ва тоҷирони рус буд.
Амрико 6 апрели имсол бархе тоҷирон, мақомоти рус ва ширкатҳоеро, ки тавассути онҳо контрол мешавад, аз ҷумла, Алексей Миллер, мудири кулли ширкати “Газпром”-ро таҳрим кард ва чанд рӯз баъд низ 38 мақому тоҷири дигар рус ба ин феҳраст изофа шуд. Бисёре аз бозаргонон, соҳибони саноат, раисони ширкатҳо ва мақомоти аршади рус дар феҳрасти таҳрими Амрико қарор доранд, ки бархе аз онҳо равобити тиҷорию иқтисодии густурдае бо Олмон доранд. Табиист, ки таҳримҳои ҷадиди Амрико осеби ҷиддӣ ба иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодии Берлину Маскав зада ва ҳамин масъала норизоии шадиди бахши иқтисодии Олмонро фароҳам овардааст.
Олмон ба унвони бузургтарин иқтисоди Аврупо, ки то қабл аз буҳрони Украина равобити тиҷорӣ ва иқтисодии бисёр густурдае бо Русия доштааст, ночор шуд, то дар қолаби таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Маскав ин равобитро маҳдуд кунад ва акнун бо чашмандози нигаронкунандае, яъне таҳримҳои якҷонибаи бесобиқа ва бисёр густурдаи Амрико алайҳи Русия мувоҷеҳ аст, ки ба таври мустақиму ғайрмустақим равобити дуҷонибаи Олмону Русияро дар абъоди мухталиф, бавижа дар заминаи энержӣ таҳти таъсири манфӣ қарор хоҳад дод. Феълан Олмону Фаронса ба унвони давлатҳои аслӣ ва таъсиргузори Иттиҳоди Аврупо бо сиёсати таҳримии Амрико алайҳи Русия мухолиф ҳастанд ва дар муқобили пофишории Амрико барои коҳиши ҳарчи бештари равобит бо Русия бар лузуми ҳифзи равобит бо Маскав таъкид мекунанд. Бархе ширкатҳои олмонӣ хоҳони талоши давлати Олмон барои мустасно кардани онҳо аз таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Русия шудаанд ва Ангела Меркел дар дидори ахир худ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ин масъаларо тарҳ кард, ки бо вокуниши сарди Трамп мувоҷеҳ шуд.
Владимир Швитзер, коршиноси сиёсӣ муътақид аст, ки дастёбӣ ба тавофуқ бо Русия барои Иттиҳоди Аврупо муҳимтар аз эъмоли таҳримҳост. Акнун ширкатҳо ва бозаргонони аврупоӣ ба шиддат нигарони дурнамои равобити тиҷорӣ ва иқтисодии хеш бо Русия ҳастанд. Олмон ва Фаронса ба далоили мухталиф аз идомаи сиёсати давлати Трамп алайҳи Русия дучори нигаронӣ шуда қасд доранд, роҳе барои ҳалли ин мушкил ёбанд. Иттиҳоди Аврупо, ки Олмон ва Фаронса аъзои калидии он ҳастанд, тақрибан ба андозаи Русия аз сиёсатҳои таҳримии давлати Трамп осеб дидаанд. Бавижа таҳримҳои Амрико алайҳи ширкатҳои рус ба ҳамон андоза ба шарикони хориҷии онҳо, аз ҷумла ширкатҳои аврупоӣ латмаи иқтисодӣ ворид мекунад. Бинобар ин Франсис Прайн, коршиноси сиёсӣ муътақид аст, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бояд ихтилофоти худро канор бигузоранд ва бо сароҳат ба Амрико бигӯянд, Аврупо дар баробари таҳримҳои эҳтимолии оянда аз ҷониби Амрико (алайҳи Русия) муттаҳид аст.
Бо ин ҳол, шарикони аврупоии Вашингтон, бавижа дар шарқ ва маркази Аврупо хоҳони ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия ва коҳиши ҳарчи бештари равобити иқтисодию энержии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо Русия ҳастанд. Ба таври мусаллам, ин рӯйкард барои Олмон ва Фаронса пазируфтанӣ нест ва ҳамин масъала ба эҷоди дугонагӣ дар заминаи равобит бо Русия дар Иттиҳоди Аврупо мунҷар шудааст.