Хуруҷи ғайриқонуни 430 миллиард доллар аз Русия
(last modified Sun, 29 Apr 2018 09:28:27 GMT )
Апрел 29, 2018 14:28 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи ғайриқонуни 430 миллиард доллар аз Русия

Раиси Кумитаи умури дифоъ ва амнияти Шӯрои федератсияи Русия эълом кард, аз соли 2000 то 2017 беш аз 430 миллиард доллар сармоя ба сурати ғайриқонунӣ аз Русия хориҷ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Новости, Виктор Бондарев гуфтааст, ин ҳаҷми азими сармояи хориҷшуда, яке аз мушкилоти калидии таъсиргузор бар раванди таҳаққуқи мустамари барномаи тавсиаи иқтисоди миллӣ дар кишвар аст.

Вай ҳамчунин ёдовар шудааст, Кумитаи умури дифоъ ва амнияти Шӯрои федератсияи тарҳе барои ислоҳи системаи назорат бар бонкдорӣ дорад, ки ин тарҳ дар заминаи ҳифозат аз иттилооти марбут ба созмонҳои молӣ аст.

Ба гуфтаи ин масъул, кумитаи ёдшуда талош мекунад бо истифода аз роҳкорҳое аз падидаи фирори сармоя аз кишвар мамониат кунад.

 

Барчасп