Афзоиши шумори куштаҳо ва захмиҳои ҳамалоти инфиҷории Кобул
Апрел 30, 2018 18:35 Asia/Dushanbe
Шумори кушта ва захмиҳои ду ҳамлаи террористии имрӯз дар Кобул, пойтахти Афғонистон ба 80 нафар расид.
Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон теъдоди куштаҳоро 30 нафар ва шумори маҷрӯҳонро 50 нафар эълом кард.
Кумитаи масунияти хабарнигорони Афғонистон низ кушта шудани 9 нафар аз асҳоби расонаро дар ин ҳамалот тайид кардааст.
ДИИШ масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда гирифт.
Дар чанд рӯзи гузашта, манотиқи мухталифи Афғонистон шоҳиди инфиҷорҳои гуногун буда, ки ба кушта шудани даҳҳо нафар мунҷар шудааст.