Боздошти се шаҳрванди Узбакистон дар Шветсия ба иттиҳоми терроризм
Мақомоти амниятии Шветсия се шаҳрванд Узбакистонро ба гумони омодагии онҳо барои иҷрои амалиёти террористӣ боздошт карданд.
Хабари боздошти ин шаҳрвандони Узбакистон дар Шветсияро хабаргузории милли Шветсия "Т Т" мунташир карда ва афзудааст: Ҳамзамон бо боздошти ин се нафар, полис шумори дигареро низ бозҷуӣ кардааст.
Полиси Шветсия дар моҳҳои ахир гурӯҳе мазнунон ба иртикоби аъмол террористиро таҳти назорат қарор дода буд ва дар ниҳоят иқдом ба боздошти шаҳрвандони Узбакистони муқими ин кишвар кард.
Полис мегӯяд, ҳадди ақал як нафар аз боздоштшудагон бо Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Узбакистон, ки дар апрели соли қабл дар Стокголми пойтахти Шветсия даст ба иқдоми террористӣ зад, иртибот доштааст.