Маҷлиси Арманистон ба раҳбари мухолифон эътимод накард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33534-Маҷлиси_Арманистон_ба_раҳбари_мухолифон_эътимод_накард
Раҳбари мухолифон дар Арманистон натавонист раъйи эътимоди аксарияти Маҷлиси миллии ин кишварро барои мақоми нахуствазирӣ ба даст оварад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 02, 2018 14:46 Asia/Dushanbe

Раҳбари мухолифон дар Арманистон натавонист раъйи эътимоди аксарияти Маҷлиси миллии ин кишварро барои мақоми нахуствазирӣ ба даст оварад.  

Пас аз онки Никол Пашиниён, раиси мухолифони давлат ва номзади мақоми нахуствазирӣ натавонист аз Маҷлиси миллии Арманистон барои касби мақоми нахуствазирӣ раъйи эътимод бигирад, эътирозоти умумӣ вориди марҳалаи тозае шуд.  

Муътаризони ҳомии Пашиниён баъд аз зуҳри чаҳоршанбе бо бастани хиёбонҳои шаҳри Ереван ва хиёбонҳои мунтаҳӣ ба фурӯдгоҳи ин шаҳр бар идома додани тазоҳурот то бароварда шудани хостаҳояшон таъкид карданд.  

Буҳрон дар Арманистон пас аз инки Серж Саркисян, раисҷумҳури собиқи ин кишвар ба унвони нахуствазир интихоб шуд, оғоз аммо дар ниҳоят вай ба канорагирӣ аз қудрат ризоят дод.