Май 02, 2018 19:39 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши шадиди будҷаи низомии Русия

Интишори гузорише нишон медиҳад, будҷаи низомии Русия ба шиддат коҳиш ёфтааст.  

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Саймон Вайсман, аз муассисаи сулҳи ҷаҳонӣ дар Стокҳолм эълом кард, бо вуҷуди шиддат ёфтани танишҳо байни Маскав ва ғарб будҷаи низомии Русия дар соли 2018, 46 миллиард доллар аст.  

Будҷаи низомии Русия дар соли гузашта ҳам бо бист дарсад коҳиш нисбат ба соли 2016, 66 миллиарду 300 миллион доллар буд.  

Аз 1998 токунун нахустин бор аст, ки ҳазинаҳои низомии Русия ба шиддат коҳиш меёбад.