Эроншиноси машҳури рус даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33692-Эроншиноси_машҳури_рус_даргузашт
Иван Стеблин-Каменский, Эроншиноси машҳури рус ва узви Академияи улуми Русия даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 05, 2018 16:01 Asia/Dushanbe
  • Эроншиноси машҳури рус даргузашт

Иван Стеблин-Каменский, Эроншиноси машҳури рус ва узви Академияи улуми Русия даргузашт.

Ба гузориши шабакаи «Life Journal», Коменский дар синни 72 солагӣ дар Санкт-Петербурги Русия даргузашт.

Иван Михайлович Стеблин-Каменский мутахассиси забонҳои эронӣ, адабиёти маҳаллӣ ва ақвоми Эрон буд ва бахшҳое аз китоби “Авесто”-ро тарҷума карда буд.

Комински дар соли 1945 дар Ленинград, Санкт-Петербурги кунунӣ, ба дунё омад ва дар соли 1968 аз Маркази забоншиносии эронии донишкадаи мутолиоти шарқи донишгоҳи давлатии ин шаҳр, фориғуттаҳсил шуд.

Ӯ дар замина забонҳои форсӣ, осетиёӣ, хоразмии авестоӣ, афғонӣ, форсии қадим, тоҷикӣ, арабӣ, юнонии қадим ва лотинӣ пажӯҳиш карда буд.

Каменскийаз сол 1991 то соли 2006 раёсати Маркази забонҳои эронии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербургро бар ӯҳда дошт.

Вай муаллифи беш аз 159 асари илмӣ, аз ҷумла китобҳое дар заминаи гиёҳон, пажӯҳишҳои генетикӣ-таърихӣ ва забонҳои шарқм Ҳиндукуш буд.