Май 06, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои аврупоӣ - бузургтарин содиркунандаи моддаи мухаддири

Моддаи мухаддири ҷадид ва хатарноки «гул» ба яке аз кашфиёти аслии гумруки Эрон табдил шудааст.

Ба гуфтаи равонпизишкон, «гул» ҳамон марихуанаи тағйирёфта аст, ки аз қисматҳои мухталифи бангдона ба даст меояд. Марихуана, ки имрӯз бо номҳои гуногун шинохта мешавад, навъи тиббии он бо номи «гул» вориди бозори Эрон шудааст. Ин гиёҳ бо доро будани ҳадди ақал 24 дарсад моддаи мухаддир ва маводи кимиёӣ дорои асароти эътиёдовар барои масрафкунанда аст. Ба гуфтаи Неъматуллоҳ Мумвандӣ, муовини мубориза бо маводи мухаддири гумрук, кишварҳои аврупоӣ бузургтарин содиркунандаи мухаддири “гул” ба Эрон ҳастанд ва бо вуҷуди эътирози расмии Эрон то кунун иқдоме барои муқобила бо он анҷом надодаанд.

Моҳи июли соли гузашта аввалин эътирози расмии Эрон аз тариқи Вазорати умури хориҷӣ ба Иттиҳоди Аврупо дар бораи судури мухаддири “гул” ба мақомҳои Аврупо эълом шуда буд. Эрон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон талош ва иқдомоти қобили таваҷҷуҳе кардааст ва дар воқеъ, ҳазинаи муқобила бо паёмадҳои шуми ин падидаи мухарриб ва маргборро ба танҳоӣ пардохт мекунад. Муҳимтарин иқдоми мавриди интизори Эрон аз кишварҳои аврупоӣ барои муқобила бо қочоқи ин моддаи мухаддир ҳамкории байналмилалии расмӣ ва талоши ИнтерПол аст. Омори кашфиёти маводи мухаддир дар ин замина нишон медиҳад, дар соли 2016 ҳудуди 204 мавриди кашфи маводи мухаддири «гул» аз бастаҳои ирсолӣ аз тариқи почта ба Эрон ба сабт расида, ки мизони қобили таваҷҷуҳ аст. Кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Бритониё, ки уҳдадори масъулияти решакан кардани кишти тарёк дар Афғонистон аст, на танҳо иқдоми муассире дар ин замина анҷом надодаанд, балки худ дар интиқоли ин мавод ба дигар кишварҳо даст доранд.

Тавлиди маводи мухаддир бо таркиботи ҷадиди гиёҳӣ ва кимиёӣ дар ду даҳаи ахир ривоҷ ёфтааст ва иллати густариши он суди саршори ношӣ аз фурӯши ин мавод аст. Ин мавод хусусияти  равонгардонӣ доранд ва ҳатто навъе аз он метавонад чандин баробари маводи аслӣ таъсиргузор бошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, бангдона, ки ба он «кӯши афғон» ҳам гуфта мешавад, аз Афғонистон ба Амрико бурда шуд ва ин шурӯи пайдоиши моддаи мухаддири мавсум ба «гул» буд. Доктор Муҳаммадризо Яздонниёз, пажуҳишгар ва мутахассиси тарки эътиёд мегӯяд: «Бо истифода аз бангдонаи афғонӣ марихуанаи ҷадиде кишт шуд, ки хусусиятҳои мутафовит аз марихунаи суннатӣ дошт ва ба он марихуанаи тиббӣ гуфта мешуду ин модда ба шиддат эътиёдовар ва аз лиҳози таъсир бар мағзу равони инсон бисёр хатарнок аст. Ношинохта будани асароти истифода аз “гул” дар муддати тӯлонӣ дар канори камбуди таҳқиқоти ҷаҳонӣ боис шудааст, ки эътиёд ба “гул” ҷузъи эътиёдҳои бидуни дармон шинохта шавад.

Эрон ба унвони хати муқаддами мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон талошҳои фаровоне карда ва монеъ аз интиқоли ин мавод ба Аврупо ва дигар кишварҳо мешавад, аммо акнун сарчашмаи ин падидаи маргбор Аврупост. Моддаи мухаддири "гул" аз Аврупо ба даруни Эрон рахна кардааст ва Аврупо бояд дар ин замина ба масъулиятҳои ҳуқуқӣ ва байналамилалии худ амал кунад.