Макрон: Хуруҷи Трамп аз БАРҶОМ минтақаро бесубот мекунад
(last modified 2018-05-06T15:22:32+00:00 )
Май 06, 2018 20:22 Asia/Dushanbe
  • Макрон: Хуруҷи Трамп аз БАРҶОМ минтақаро бесубот мекунад

Раисҷумҳури Фаронса бо ҳушдор ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ таъкид кард, ин иқдом муҷиби бесуботии минтақаи Ховари Миёна мешавад.  

Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар мусоҳиба бо рӯзномаи фаронсавии Журнал де Димонеш таъкид кард: Бесуботии Ховари Миёна, терроризмро дар ин минтақа тақвият мекунад.  

Вай афзуд: Ба Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфта, ки сиёсати хориҷии ӯ ҳамвора таҳти таъсири мулоҳизоти дохилӣ буда ва дар бораи умури Ховари Миёна ва тамоюл ба хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ ва рӯйкарди зиддиэронӣ, дучори дугонагӣ шудааст.

 

Барчасп