Чаҳорумин савганди Путин (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33784-Чаҳорумин_савганди_Путин_(видео)
Владимир Путин, имрӯз душанбе барои чаҳорумин бор ба унвони раисиҷумҳури Русия, савганд ёд кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 07, 2018 10:46 Asia/Dushanbe

Владимир Путин, имрӯз душанбе барои чаҳорумин бор ба унвони раисиҷумҳури Русия, савганд ёд кард.

Ба гузориши “Спутник”, Владимир Путин имрӯз барои чаҳорумин бор ба унвони раисиҷумҳур Русия савганд ёд кард ва барои шаш соли дигар раисиҷумҳури ин кишвар хоҳад буд.

Путин дар интихоботи рӯзи 18 марти гузашта, бо касби 76 дарсад оро бори дигар раисиҷумҳур шуд.

Ӯ дар маҷмӯъ 18 сол ба унвони раисиҷумҳур ё нахуствазир дар қудрат будааст.

Путин дар солҳои 2000 ва 2004 раисиҷумҳури Русия, интихоб шуд.

Дар фосилаи соли 2008 то 2012 Дмитрий Медведев, раёсатҷумҳурии Русияро бар ӯҳда дошт, аммо дар амал қудрати воқеӣ дар дасти Путин, нахуствазир буд.

 Путин бори дигар дар соли 2012 ба мақоми раёсатҷумҳурӣ баргашт, то ин бор барои давраи шашсола дар раъси қудрат бошад.

Агар Путин чаҳорумин давраи раёсатҷумҳуриашро, ки қарор аст, дар соли 2024 тамом шавад комил кунад, ба муддати якчаҳоруми қарн дар қудрат будааст.