Вокуниши ҷаҳон ба хориҷ шудани Амрико аз БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33870-Вокуниши_ҷаҳон_ба_хориҷ_шудани_Амрико_аз_БАРҶОМ
Иттиҳодияи Аврупо, мақомоти аврупоӣ ва дабири кулли Созмон милал ба хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ё барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, ки дар Эрон ба таври хулоса БАРҶОМ номида мешавад, вокуниш нишон доданд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 09, 2018 16:25 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши ҷаҳон ба хориҷ шудани Амрико аз БАРҶОМ

Иттиҳодияи Аврупо, мақомоти аврупоӣ ва дабири кулли Созмон милал ба хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ё барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, ки дар Эрон ба таври хулоса БАРҶОМ номида мешавад, вокуниш нишон доданд.  

Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо пас аз онки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хуруҷи ин кишварро аз тавофуқи ҳастаӣ эълом кард, гуфт: Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон ба БАРҶОМ пойбанд ва мусаммам ба ҳифзи он аст.

Тереза Май, нахуствазири Британия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса низ дар вокуниш ба тасмими Трамп бо интишори баёнияе бар пойбандии худ ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон таъкид карданд.  

Антонио Гутеррес, дабири кулли Созмони милал дар баёнияе таъкид кард, БАРҶОМ дастоварди бузурге аст, ки ба сулҳ ва амнияти байналмилал ва минтақа кумак мекунад.  

Режими саҳюнистӣ ва Арабистони Саудӣ аз тасмими Трамп барои хориҷ кардани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон истиқбол кардаанд.