Май 09, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
  • Суқути шаҳристони Тола ва Барфак дар шимоли Афғонистон

Манобеи хабарӣ аз суқути шаҳристони Тола ва Барфак дар вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон дар ҳамалоти густардаи Толибон хабар доданд.  

Абдулҳай Неъматӣ, волии Бағлон гуфт, нерӯҳои полис, ки масъулияти ҳифзи амнияти фармондории Тола ва Барфакро ба уҳда доштанд, бар асари ҳамалоти шадиди Толибон ақибнишинӣ карданд.  

Неъматӣ афзуд: Таъхир дар ҳимояти ҳавоӣ аз нерӯҳои амниятии афғон боиси пешравии Толибон ва суқути ин шаҳристон шудааст.