Рӯзи хунин ва пурсару садои Кобул
Май 09, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
Ҳашт инфиҷори пай дар пай сешанбе дар ғарб ва маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон рух дод.
Муҳоҷимон зуҳри чаҳоршанбе бо нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ҳавзаи сездаҳуми фармондеҳии полиси ғарби Кобул даргир шуданд, ки бо кушта шудани тамоми террористҳо ин даргирӣ поён ёфт.
Дар ин даргирӣ се полис ва шумори дигаре низ кушта шуданд.
Ҳануз гузорише аз шумори талафоти ғайринизомиён ва теъдоди муҳоҷимон эълом нашудааст, аммо даргирии муҳоҷимон бо нерӯҳои амниятӣ дар ҳавзаи даҳуми фармондеҳии полиси Кобул дар минтақаи дипломатнишини Вазиракбархон ҳануз ба поён нарасидааст.