Нокомии дипломасии аврпуоии "ҷалби ризоят"-и Трамп
Ҳизби Сотсиалисти Фаронса дар вокуниш ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ эълом кард ин иқдоми Трамп нишон дод, ки дипломасии "ҷалби ризоят"-и Вашингтон дигар барои Аврупо ҷавоб намедиҳад. Ин ҳизб дар баёнияе хориҷ шудани Вашингтон аз БАРҶОМ ва низ тавофкуқи обу ҳавоии Порис ва тавофуқи тиҷориро нишонаи нокомии ин дипломасӣ донист. Аз дидгоҳи ин ҳизб Порис аз ин пас бояд ба ҷойи дипломасии ҷалби ризоят, бо ҳамкории шарикони аврупоии худ ба фикри тазмине барои иҷрои БАРҶОМ бошад.
Интиқоди шадиди яке аз ҳизбҳои бузург ва таъсиргузори Фаронса аз руйкарди ҷалби аврпуоиҳо дар баробари Амрико, ки акнун нокоромадӣ ва шикасти он ошкор шуда, нишондиҳандаи зарурати тағйири ин руйкард ва бакорбурдани шевае таъсиргузор барои мулзам кардани Амрико ба ифои таъаҳудҳои байналмиллалии худ ва парҳез аз якҷонибагароӣ аст.
Ҳизби Сотсиалисти Фаронса бо интиқоди заъфи Фаронса ва Аврупо муқобили Амрико муътақид аст бо ин, ки БАРҶОМ баъд аз музокироти душвор ва тулонӣ бадаст омад, аммо давлати Фаронса дар ҳифзи он ва низ дигар тавофуқҳои байналмиллалӣ дар муқобили якҷонибагароии Кохи Сафед ҳеҷ коре аз худ нишон надод.
Ин масъа аз онҷо бештар аҳамият меёбад, ки яке аз коргузорони аслиии ин сиёсат Эманоел Макрон-раиси ҷумҳури Фаронса буда, ки ҳатто бо сафар ба Вашингтон ва дидору музокира бо Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико талош кард, то мавзеъи вайро дар баробари БАРҶОМ тағйир диҳад ва вайро ба пойбандӣ ба ин тавофуқи байналмиллалӣ қонеъ кунад.
Бо ин ҳол наҳваи рафтор ва бархурди Трамп ва ба таври куллӣ давлати Амрико бо Макрон ва Аврупо нишон дод, ки Вашингтон кучактарин таваҷҷуҳ ва аҳамияте ба назарҳои шарикони аврупоии худ надорад ва бидуни дар назар гирифтани манофеъи он сӯйи уқёнуси Атлас сирфан дар ростои манофеъ ва ҳадафҳои Амрико ва шарикони саҳюнисти худ тасмимгирӣ мекунад. Ҳатто дар эъломи хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ба рағми қавле, ки Майк Помпео-вазири умури хориҷаи Амрико барои додани муҳлате ба манзури ройзании бештар дар бораи он ба Макрон дода буд, аммо Трамп бо беэътиноӣ ба ин ваъда рӯзи сешанбе 8-уми май бо эъломи тасмими худ бар асоси хуруҷ аз БАРҶОМ аврпуоиро дар мавқеъияте душвор қарор дод.
Ин масъала аз чашми сиёсатмадорон ва ҳизбҳои бузурги аврпуоӣ пинҳон намонда ва онҳо мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки Трамп дар идомаи руйкарди якҷонибагароёнаи худ на фақат ба манофеъ ва хостаҳои дигар аъзои гуруҳи 5+1 яъне Русия ва Чин таваҷҷуҳе намекунад, балки дидгоҳҳо ва хостаҳо ва манофеъи шарикони аврпуоии ин гуруҳ низ мавриди таваҷҷуҳи Трамп қарор надорад.
Броно Ломер-вазири иқтисоди Фаронса бо ибрози таъассуф аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ таъкид кард: Ин ки Вашингтон бихоҳад жандарми иқтисодии ҷаҳон бошад, ба ҳеҷ унвон қобили қабул нест. Вай бо ишора ба таҳдидҳои Доналд Трамп бар асоси таҳримҳои ширкатҳои аврпуоие, ки бо Эрон равобити тиҷорӣ доранд муътақид аст, ки ин иқдоми Трамп, ки бо мухолифати ҳамаи имзокунандагони БАРҶОМ ҳамроҳ буд, иштибоҳи бузурге аст зеро амнияти байналмиллалиро аз назари сиёсӣ, низомӣ ва ҳатто иқтисодӣ ба хатар меандозад.
Ҳамин масъала боис шуда, то Ҳизби Сотсиалист бар ин таъкид кунад, ки Трамп бо эъломи хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ масъулияти таърихии сангинеро мутаваҷҷиҳи худ кард ва нишон дод, ки Амрико наметавонад нақши як қудрати мусбату таъсиргузор дар ҷаҳон ифо кунад. Акнун бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунӣ вазифаи Аврупо барои ҳифзи БАРҶОМ агар воқеъан хоҳони бақои он аст, садчандон шудааст. Зоҳиран сарони аврупоӣ худ ба ин хулоса омадаанд, ки агар хоҳони пешгирӣ аз нобудии БАРҶОМ ҳастанд бояд руйкарди кунунии худро тағйир диҳанд.
Эманоел Макрон-раиси ҷумҳури Фаронса эълом кард, ки имрӯз Аврупо вазифа дорад низоми чандҷонибаи ҷаҳониро тазмин кунад; зимни ин ки аврпуоиҳо ба хусус фаронсавиҳо мутаваҷҷиҳ шудаанд, ки акнун манофеъи тиҷорӣ ва иқтисодии онҳо дар робита бо Эрон бо таваҷҷуҳ ба тасмими Трамп ба шиддат дар маърази хатар қарор гирифта ва агар иқдоме қотеъ дар ин замина сурат нагирад, на фақат БАРҶОМ, балки равобити Аврупо бо Эрон ба унвони як кишвари бисёр муҳимми Ховари миёна дар маърази хатар қарор хоҳад гирифт.