Мамнуияти ҳиҷоб барои муаллими мусулмон дар Олмон
(last modified Thu, 10 May 2018 08:31:03 GMT )
Май 10, 2018 13:31 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти ҳиҷоб барои муаллими мусулмон дар Олмон

Додгоҳе дар шаҳри Берлини Олмон ҳиҷобро барои як муаллими мусулмон дар замони тадрис дар мадраса мамнуъ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, ҳарчанд ин зани мусулмон ба ин далел, ки бахотири мазҳабаш қурбонии табъиз шуда, тақозои ғаромат кардааст, аммо додгоҳи Берлин дар ҳукми худ ин мавзуъро рад кардааст.  

Ин муаллими мусулмон, ки мехост, бо ҳифзи ҳиҷоб дар як мадрасаи ибтидоӣ тадрис кунад, метавонад дар бораи ҳукми додгоҳ, тақозои таҷдиди назар кунад.