Май 11, 2018 17:35 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии ҳомиёни сулҳи амрикоӣ аз мардуми Эрон

Ҳомиёни сулҳи амрикоӣ аз мардуми Эрон ба иллати нақзи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) аз сӯи раиси ҷумҳурии Амрико узрхоҳӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, беш аз панҷ ҳазор нафар аз нухбагони сиёсӣ, ҳунармандон ва фаъолони мадании амрикоии ҳомии сулҳ бо имзои номае аз мардуми Эрон бобати рафтори хатарнок, иттиҳомоти бепояву асос ва тасмими якҷонибаи Доналд Трамп дар хуруҷ аз БАРҶОМ узрхоҳӣ карданд.

Дар ин нома ҳамчунин аз инки давлати Амрико, тавофуқномае фаъолро зери по гузоштааст, ки натанҳо Амрико балки Фаронса, Русия, Англия, Чин ва Олмон онро имзо карда ва ба тасвиби Шӯрои амнияти Созмон милал расида буд, ибрози шармсорӣ шудааст.

Ҳомиёни сулҳи амрикоӣ дар ин нома тасреҳ карданд: Бар хилофи раиси ҷумҳурии кишварашон, мӯътақиданд тавофуқ, тавофуқ аст ва мехоҳанд танишҳо дар Ховари Миёна коҳиш ёбад ва дар сулҳу оромиш бо мардуми Эрон зиндагӣ кунанд.

Онон таъкид карданд, ки давлати Амрико ҳақи дахолат дар умури дохилии Эрон ё Ховари Миёнаро надорад ва набояд ба Арабистон ва режими Исроил, ки ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам ҳастанд, силоҳ бифурӯшад ва ё неруи низомӣ эъзом кунад.

Фаъолони маданӣ ва сиёсии Амрико аз Созмони милал хостанд Амрикоро ба хотири нақзи тавофуқномаи ҳастаии Эрон муҷозот кунад ва аз Аврупо, Русия ва Чин низ хостанд ин тавофуқро зинда нигаҳ доранд.

 

Барчасп