Июл 13, 2016 20:49 Asia/Dushanbe
  • Дейвид Камерун ҷои худро расман ба Тереза Мей дод

Дейвид Камерун пас аз охирин суханронии худ ба унвони нахуствазир дар Маҷлиси авоми Англия, расман аз ин симмат канор рафт ва ҷойи худро ба Тереза Мей дод.

Ба гузориши ИРНА, Дейвид Камерун қабл аз он ки барои тақдими истеъфономааш ба маликаи Англия, ба кохи Бокингҳом биравад, дар охирин барномаи ҳафтагии пурсиш аз нахуствазир дар Маҷлиси авоми порлумон ширкат кард.

Ӯ дар ин ҷаласа аз сиёсатҳои давлаташ дар ҳавзаҳои иштиғол, беҳдошт ва дармон, маскан ва буҷет дифоъ кард ва ҳамчунин тасаддии раҳбарии Ҳизби коргарро ба Тереза Мей табрик гуфт.

Камерун се ҳафта қабл ва баъд аз он ки мардуми Британия дар як ҳамапурсӣ ба хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо раъй доданд, эълом кард, ки аз нахуствазирӣ канора мегирад.

Вай тарафдори мондани кишвараш дар ин иттиҳодия буд ва баъд аз эъломи натиҷаи ҳамапурсӣ гуфт, Англия ба як раҳбари ҷадид ниёз дорад.

Камерун дар соли 2010 Ҳизби коргарро пас аз 13 сол дубора ба қудрат расонд.

Ҷонишини Дейвид Камерун, Тереза Мей аст, ки рӯзи душанбе ба унвони раҳбари ҳизби муҳофизакори Британия эълом шуд ва пеш аз ин вазири кишвари Англия буд.

Агарчӣ ӯ ҳам монанди Камерун ҳаводори мондани Британия дар Иттиҳодияи Аврупо буд, аммо ваъда додааст ки тасмими мардум барои хуруҷро иҷро кунад.

Тереза Мей имрӯз пас аз дидор бо маликаи Англия, кобинаашро ташкил медиҳад.