Июл 19, 2016 14:11 Asia/Dushanbe
  • Идомаи эътирозҳо дар Арманистон

Эътирозҳо дар Арманистон ба боздошти як фаъоли сиёсӣ идома дорад ва мухолифони давлати ин кишвар бо интишори як филми видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, раиси ҷумҳурии Арманистонро ба муборизаи мусаллаҳона даъват кардаанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, муътаризони арманӣ шаби гузашта бо интишори наворе видеоӣ Серж Саркисян, раиси ҷумҳурии ин кишварро ба муқобилаи мусаллаҳона даъват кардаанд.

Дар навори видеоӣ гуфта мешавад: "Мо ба хотири дифоъ аз хонавода ва фарзандонамон ба ин ҷо омадаем, ки ба ояндаи равшан бирасем. Бинобар ин барои посух ба талабҳои миллати арманӣ фардо субҳ мунтазири Шумо ҳастем".

Беш аз 20 фарди мусаллаҳ бомдоди рӯзи якшанбе бо вуруди ногаҳонӣ ба маркази полиси минтақаи Еребуни Ереван, онро таҳти контрол дароварданд ва 7 нафарро гаравгон гирифтанд ки пас аз оғози музокирот ду нафари онҳоро озод карданд.

Пас аз гаравгонгирии афроди мусаллаҳ, маъмурони полис ҳудуди 200 нафарро дар шаҳри Ереван боздошт карданд. Муҳоҷимон истеъфои Серж Саркисян, раиси ҷумҳурӣ ва тамоми аъзои давлати Арманистон ва озодии Журойр Суфайлиён, аз мухолифони давлатро хостор ҳастанд.

Полиси Арманистон имрӯз дар наздикии идораи полисе. ки дар он панҷ полис барои дуввумин рӯз аст ки ба гаравгон гирифта шудаанд, бо тарафдорони мухолифони давлат даргир шуд ва шуморе аз ононро дастгир кард.

 

Барчасп