Гумоназаниҳо дар бораи ҳузури Абубакр ал-Бағдодӣ дар шарқи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34044-Гумоназаниҳо_дар_бораи_ҳузури_Абубакр_ал_Бағдодӣ_дар_шарқи_Афғонистон
Як рӯзномаи чоппи Кобул аз ҳузури эҳтимолии саркардаи гуруҳи такфирии ДИИШ бо ҳимояти Амрико дар шарқи Афғонистон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 13, 2018 11:21 Asia/Dushanbe
  • Гумоназаниҳо дар бораи ҳузури Абубакр ал-Бағдодӣ дар шарқи Афғонистон

Як рӯзномаи чоппи Кобул аз ҳузури эҳтимолии саркардаи гуруҳи такфирии ДИИШ бо ҳимояти Амрико дар шарқи Афғонистон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, рӯзномаи "Виса" дар гузориши ахири худ аз забони бархе манобеъи маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳор навиштааст, Абубакр ал-Бағдодӣ дар риштакуҳҳои Турабураи шаҳристон Шинвории ин вилоят махфӣ шудааст.

Ин рӯзнома менависад пас аз ҳузури саркардаи ДИИШ дар Турабура ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар ин минтақа мутаваққиф шудааст.

Ба навиштаи ин рӯзномаи чоппи Кобул,  саркардаи гуруҳи террористии ДИИШ, ки дар куштори ҳазорон нафар аз мардуми Сурия ва Ироқ аз ҷумла кудакон ва занон нақши муҳимме доштааст, аз шаҳри Раққаи Сурия ба вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон интиқол ёфтааст.

Дар пайи шикасти аъзои гуруҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия гузоришҳои мутаъаддиде аз раванди интиқоли ин гуруҳи такфирӣ ба Афғонистон интишор ёфтааст.

Русия ва бисёре аз коршиносони масоили сиёсии минтақа, Амрикоро муттаҳам мекунанд, ки аъзои гуруҳи террористии ДИИШро аз Ироқ ва Сурия ба шарқу шимоли Афғонистон интиқол медиҳад.