Май 17, 2018 14:46 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сарони Аврупо дар София ва тавофуқ барои наҷоти БАРҶОМ

Сарони 28 кишвари Иттиҳодияи Аврупо дар бораи "руйкарди муттаҳид" барои наҷоти БАРҶОМ тавофуқ карданд. Онон рӯзи чаҳоршанбе дар нишатси София, пойтахти Булғористон барои наҷоти тавофуқи ҳастаии Эрон, ки дар соли 2015 дар Вена имзо шуд, дар ҳимоят аз ин тавофуқ яксадо шуданд.

Мавзеъи ягонаи сарони аврпуоӣ дар нишасти София дар ростои мавзеъи ягонаи се кишвари бузурги аврпуоии узви гуруҳи 5+1 яъне Олмон, Фаронса ва Британия дар ҳимоят аз БАРҶОМ дар пеш гирифта шудааст.

Федирика Могеринӣ-масъули  сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврпуо низ, ки акнун ҳидояти иқдомотро барои ҳифзи БАРҶОМ бар уҳда дорад бо ташаббусоте монанди нишасти муштараки вазирони хориҷаи се кишвари аврпуоии узви 5+1 бо вазири умури хориҷаи Эрон ва пешниҳоди як баста тазминҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба Эрон талош мекунад, то бо амалисозии мавориди мадди назари Эрон, Теҳронро ба мондан дар БАРҶОМ тарғиб кунад.

Дар айни ҳол аврупуоиҳо мунтақиди иқдоми Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико дар заминаи эъломи хуруҷ аз БАРҶОМ ҳастанд.Доналд Тоск-раиси Шурои Аврпуо шадидтарин интиқодро доштааст. Вай бо баёни ин ки рафтори Трамп ҳавасбозона ва ғайримунтазира аст гуфт: Ба дунболи хуруҷи раиси ҷумҳури Амрико аз БАРҶОМ, кишварҳои аврупуоӣ ниёзманди руёруӣ бо ин тасмим ва эътироз ба он ҳастанд. Аз дидгоҳи вай то замоне, ки Эрон ба БАРҶОМ пойбанд боқӣ мондааст, сарони аврпуоӣ низ бояд ба ин тавофуқ мутаъаҳид боқӣ бимонанд.

Албатта иқдоми зиддибарҷомии Трамп боис шуд, то сарони Иттиҳодияи Авруро хаёлпардозиҳои қаблӣ дар бораи ҳамбастагӣ ва ҷудоинопазирии манофеъи дусӯи уқёнуси Атлантикаро канор бигузоранд. То қабл аз ин сарони се кишвари аврпуоии узви 5+1 талош карданд, то бо дидор ва машварат бо Трамп вайро мутақоъид кунанд, ки дар БАРҶОМ боқӣ монад ва дар айни ҳол онҳо дар заминаи амалӣ шудани хостаҳои фаробарҷомии Трамп талош кунанд, аммо хуруҷи ногаҳонии Трамп аз БАРҶОМ дар 8-уми май ин масъаларо барои онҳо равшан карда, ки Амрико сирфан бар асоси якҷонибагароӣ ва бидуни таваҷҷуҳ ба манофеъи дигарон ва ҳатто шарикони худ амал мекунад.Табиъатан чунин руйкарде боиси ҷудоии ҳарчи бештари Аврупо аз Амрико хоҳад шуд.

Донал Тоск дар ин замина гуфт: Аврупоиҳо бояд шукргузори Трамп бошанд; ба лутфи раиси ҷумҳури Амрико, Аврпуо хаёлпардозиҳоро канор гузошт.

Дар воқеъ Трамп дар пайи ин аст, ки БАРҶОМ-ро ки унвони бузургтарин дастоварди дипломатӣ ва сиёсии Аврупо дар давраи пас аз ҷанги сард номида шуда, нобуд кунад.

Ангела Меркел-садри аъзами Олмон бо таъкид ба БАРҶОМ ба унвони як тавофуқи байналмиллалӣ ва бо ишора ба вуҷуди ихтилофи Амрико ва Аврупо дар хусуси БАРҶОМ изҳор дошт: Масъалаи ҳастаии Эрон беаҳамият ва кучак нест.

Аз сӯи дигар иқдоми Трамп ба вижа бозгардондани таҳримҳои ҳастаии Амрико алайҳи Эрон шомили таҳримҳои аввалия ва баъдӣ ва иҷрои таҳримҳои нав манофеъи тиҷорӣ ва иқтисодии Аврупо дар иртибот бо Эронро  ба шиддат дар маърази хатар қарор медиҳад; зимни инки аврпуоиҳо нигарон ҳастанд, ки бо аз миён рафтани БАРҶОМ амният ва суботи минтақаӣ ва байналмиллаӣ мавриди таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифта ва дар айни ҳол аҳамияти таъаҳудҳои байналмиллалии давлатҳо низ зери савол биравад. Маҷмуъи ин мулоҳизаҳо боис шудааст, то Аврупо мавзеъе муттаҳид дар заминаи ҳифзи БАРҶОМ дар пеш гирад.

Барчасп