Баррасии ҷиноёти саҳюнистҳо -меҳвари баёнияи поёнии нишасти Истанбул
Дар баёнияи поёнии нишасти фавқуллодаи сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ, сарони кишварҳои исломӣ хостори ташкили кумитаи баррасии ҷиноёти саҳюнистҳо зидди фаластинён шуданд.
Ба гузориши ИРНА, сарони кишварҳои исломӣ ҷумъашаб дар баёнияи 30 моддаии худ режими саҳюнистиро ба иллати иртикоби ҷиноёти ғайриинсонӣ ва ғайриқонунӣ ва ҳамла ба сарзамини Фаластин маҳкум карданд.
Онон ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифозати байналмилалӣ барои мардуми Фаластин, аз ҷумла эъзои нерӯҳои байналмилалии сулҳ ба Фаластинро хостор шуданд.
Сарони ин кишварҳо бо таъкид бар ҳимояти Амрико аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ, шиносоии ғайриқонунии Қудс ба унвони пойтахти ин режим аз сӯйи раиси ҷумҳурии Амрикоро беэътибор ва онро ҳамла ба ҳуқуқи таърихӣ, миллӣ ва қонунии мардуми Фаластин донистанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин нишаст бо ироаи шаш ибтикор ва пешниҳоди амалӣ, аз ҳамаи мусалмонон ва давлатҳои исломӣ хост, бо ваҳдат дар амал ва ҳамроҳӣ дар сохтани минтақае қавитар ва пойдортар ва дурӣ аз низоъҳои беҳуда ва фарсоянда, заминаи поёни ишғолгарии режими саҳюнистиро аз Фаластин фароҳам кунанд.