Май 19, 2018 14:23 Asia/Dushanbe
  • Карикатураи Натанёҳу журналисти олмониро аз кор бекор кард

Як рӯзномаи олмонӣ қадимитарин карикатуристи худро ба сабаби тарроҳии карикатурае аз нахуствазири режими саҳюнистӣ ихроҷ кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии «Ал-Ҷазира»,  Дитер Ҳонитч, ки аз рӯзномаи «Зюддойче тсайтунг» ихроҷ шудааст, дар бораи ин карикатура гуфт: «Интизор надошта бошед, ки Натанёҳуро ба сурате зеботар аз он чи ки дар ҳақиқат ҳаст, ба тасвир кашам».

Ҳонитч дар асари ахири худ Натанёҳуро ба ҷойи барандаи воқеии ҷоизаи хонандагии Аврупо дар ҳоле, ки гӯшҳои бузурге дорад ва мушаке бо шакли ситораи маъруфи Довуд дар даст ӯ аст, ба тасвир кашид.

 Дар ин карикатура болои сари Натанёҳу ба нақл аз вай навишта шудааст: «Дар соли оянда дар Қудс».

Рӯзномаи «Зюддойче тсайтунг» рӯзи сешанбе, ҳамзамон бо ҳафтодумин солгарди накбат (азобу уқубат, бадбахтӣ) ва як рӯз пас аз маросими ифтитоҳи сафорати ҷадиди Амрико дар Қудси ишғолӣ ва тирандозии низомиёни режими саҳюнистӣ ба самти тазоҳуркунандагони фаластинӣ, ин карикатураро мунташир кард.

 

Барчасп