Хашми миллигароёни Туркия аз сукути Арабистон, Иморот ва Миср
Сукути Арабистон, Иморот ва Миср дар қиболи ҷиноятҳои ахири режими саҳюнистӣ, Ҷунбиши миллигарои Туркияро ҳам ба эътирози шадид водошт.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии арабии 21, Давлат Боғча лӣ, раҳбари ҳизби мухолифи Ҷунбиши миллигарои Туркия, рӯзи ҷумъа аз давлатҳои Арабистон, Иморот ва Миср ба шиддат интиқод кард.
Боғча лӣ, ки дар таҷаммӯи густурдае бо ном «лаънат ба зулм ва ҳимоят аз Қудс» дар майдони Йени Купии Истамбул сухан мегуфт, пурсид, « Риёз куҷост? Абу-Заби дар кадом пасту (махфигоҳ) аст? Қоҳира куҷо пинҳон шудааст? Ин кишварҳои машҳури исломӣ аз рӯёрӯӣ, фирор мекунанд ва талош мекунанд аз тариқи паёмҳои беарзиши маҳкумият, бидуни пардохтан ба Қудс ва масъалаи Фаластин бо авзои канор биёянд.»
Вай ба Исроил ва зулмҳое, ки дар ҳаққи фаластиниён мекунад, лаънат фиристод ва "сёстҳои ваҳшёнияи Амрико"-ро низ маҳкум кард.
Боғчалӣ дар суханронии худ афзуд, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ва гурӯҳи вай, ба иллати рехтани хуни фаластиниён бояд дар Додгоҳи байналмилалӣ муҳокима шаванд.
Вай бо интиқод аз иқдомоти Амрико низ гуфт, ҳеҷ ақли салиме қабул намекунад, ки Амрико пас аз ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Исроил, аз сулҳ ва ҳамкорӣ дар минтақа сухан бигӯяд.