Эъломи афви умумӣ, тарҳи ҷадиди Толибон барои рӯёрӯӣ бо давлати Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34420-Эъломи_афви_умумӣ_тарҳи_ҷадиди_Толибон_барои_рӯёрӯӣ_бо_давлати_Афғонистон
Толибон бо эъломи тарҳи ҷадиди афви умумӣ таъкид кард, дар сурате, ки нерӯҳои амниятии афғон ҳамкорӣ бо ҳукумати ваҳдати миллиро мутаваққиф кунанд, ҳадафи ҳамалоти ин гурӯҳ қарор нахоҳад гирифт ва амнияти онҳо низ тазмин мешавад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 20, 2018 11:43 Asia/Dushanbe
  • Эъломи афви умумӣ, тарҳи ҷадиди Толибон барои рӯёрӯӣ бо давлати Афғонистон

Толибон бо эъломи тарҳи ҷадиди афви умумӣ таъкид кард, дар сурате, ки нерӯҳои амниятии афғон ҳамкорӣ бо ҳукумати ваҳдати миллиро мутаваққиф кунанд, ҳадафи ҳамалоти ин гурӯҳ қарор нахоҳад гирифт ва амнияти онҳо низ тазмин мешавад.  

Толибон бо интишори баёнияе эълом кард, ки ин гурӯҳ ба далели ҷилавгирӣ аз афзоиши талафоти нерӯҳои амниятии афғон, афродеро, ки аз суфуфи нерӯҳои давлатӣ хориҷ шаванд, мавриди афви умумӣ қарор медиҳад.  

Дар ин баёния омадааст, далели ҳадаф қарор гирифтани нерӯҳои амниятии афғон дар даргирӣ бо Толибон ҳимояти онҳо аз нерӯҳои хориҷӣ ва давлати Афғонистон аст.