Афзоиши шумори қурбониёни инфиҷори Қандаҳори Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34526-Афзоиши_шумори_қурбониёни_инфиҷори_Қандаҳори_Афғонистон
Шумори қурбониёни инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон афзоиш ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 22, 2018 16:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни инфиҷори Қандаҳори Афғонистон

Шумори қурбониёни инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон афзоиш ёфт.

Довуди Аҳмадӣ, сухангуи устондори Қандаҳор гуфт: Бар асари инфиҷоре, ки асри сешанбе дар шаҳри Қандаҳор, маркази вилояти Қандаҳор рӯй дод, 16 нафар кушта ва 40 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Аҳмадӣ афзуд: Ин инфиҷор замоне ба вуқуъ пайваст, ки нерӯҳои амниятии афғон пас аз кашфи як мошини пур аз маводи мунфаҷира, қасди хунсо кардани онро доштанд, аммо мошин мунфаҷир шуд.