Май 24, 2018 13:19 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ихтилофоти Амрико ва Аврупо дар хусуси БАРҶОМ

Вазири умури хориҷаи Олмон пас аз дидор бо ду мақоми баландпояи амрикоӣ гуфт:Аврпуо ва Вашингтон аз мусолиҳа дар хусуси БАРҶОМ бисёр дур ҳастанд.

Ба нақл аз хабаргузории Рейтерс, Ҳайко Мас баъд аз дидор бо Ҷон Бултун-мушовири амнияти миллӣ ва Майк Помпео- вазири умури хориҷаи Амрико дар Вашингтон изҳор дошт: Аврупо ва Амрико дар ду масири комилан мутафовитанд.

Мас гуфт: Вазири умури хориҷа ва мушовири амнияти миллии Амрико мавзеъҳои худро  дар мавриди барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), такрор карданд ва иттилооти наве аз суханони онҳо ба даст наёмад.

Вазири хориҷаи Олмон таъкид кард нигарони ояндаи равобити дусӯи уқёнуси Атлас аст, аммо интизор меравад, ки ихтилофот бар сари Эрон ва дигар масоили дигарро пушти сар бигузоранд.

Вазири умури хориҷаи Олмон хотирнишон кард, кишварҳои аврпуоӣ ҳамчунин нисбат ба тасмими Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико барои интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудс эътироз кардаанд.

 

Барчасп