25 миллион нафар дар ҷаҳон, қурбонии бардагии модерн
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34686-25_миллион_нафар_дар_ҷаҳон_қурбонии_бардагии_модерн
Намояндаи вижаи Созмони амният ва ҳамкории Аврпуо дар мубориза бо қочоқи инсон гуфт: Беш аз 25 миллион нафар дар саросари ҷаҳон қурбонии бардагии модерн ҳастанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 26, 2018 14:15 Asia/Dushanbe
  • 25 миллион нафар дар ҷаҳон, қурбонии бардагии модерн

Намояндаи вижаи Созмони амният ва ҳамкории Аврпуо дар мубориза бо қочоқи инсон гуфт: Беш аз 25 миллион нафар дар саросари ҷаҳон қурбонии бардагии модерн ҳастанд.

Ба нақл аз рӯзномаи Изостия, Мадина Ҷарбосинова дар Санкт-Петербурги Русия гуфт: Бар асоси арзёбиҳои мухталиф тақрибан 64 дарсад аз бардагон корӣ ва 19 дарсад ҷинсӣ ҳастанд, ки 71 дарсади қурбониёни навъҳои бардагиҳо занон ва духтарон ва 29 дарсади онҳо мардон ва писарон ҳастанд.

Ба гуфтаи вай теъдоди кудакони дар маърази хатар ҳам афзоиш ёфта ва ҳудуди 5.5 миллион нафар аст.

Ҷарбусинова мушкили қочоқи инсонро як чолиши ҷаҳонӣ хонд, ки пинҳон вале бо созмондиҳии густарда ва муртабит бо дигар ҷиноятҳо ва бисёр пурсуд аст.

Ӯ суди қочоқи инсонро як чолиши ҷаҳонӣ хонд ва афзуд: Бар асоси гузориши Созмони Миллали муттаҳид танҳо дар соли 2014 суди солона қочоқи инсон қариб ба 150 миллиард доллар буд.

Ҷарбусинова хотирнишон кард: Майл барои муҳоҷират ба Аврупо яке аз омилҳои эҷоди қочоқи инсон аст.