Марди анкабутии Париж шаҳрвандии Фаронса мегирад
Май 29, 2018 16:22 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Фаронса марде африқоиро, ки барои наҷоти як кӯдак ҷони худро ба хатар андохта буд, ба ҳузур пазируфт ва ба ӯ шаҳрвандии Фаронсаро пешниҳод кард.
Мемодо Гассама, ки тобеияти кишвари Малиро дорад, аз девор ва балконҳои як сохтмон боло рафт, то кӯдаки чаҳорсолаеро, ки ба нардаҳои балкони табақаи чаҳорум овезон буд, наҷот диҳад.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, Гассама барои наҷоти кӯдаки дар ҳоли суқут лаҳзае диранг накард ва ба суръат вориди амал шуд.