Май 30, 2018 20:11 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Вазорати хориҷаи Амрико: Нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар Эрон

Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи “Озодиҳои мазҳабӣ” барои соли 2017, ки сешанбе мунташир шуд, бори дигар бо такрори иттиҳомоти бепоя Эронро ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ муттаҳам кард.

Гузоришҳои мавсум ба “Озодиҳои мазҳабӣ”, ки Вазорати хориҷаи Амрико токунун мунташир карда, идомаи сиёсати эронҳаросӣ аст, ки ҳадафи онҳо баҳрабардориҳои сиёсӣ аст.  

Дар ин гузориш тасвире таҳрифшуда ва сиёсӣ аз вазъияти озодиаҳои мазҳабӣ дар ҷумҳурии исломии Эрон, ҳамроҳ бо эроди иттиҳомоте нораво ироа шудааст.

Ин гузориш ба муҷиби “Қонуни озодиҳои мазҳабии кишварҳо”, ки дар 1998 ба тасвиби Конгресси Амрико расида, танзим ва ҳарсола тақдими ниҳоди қонунгузории Амрико мешавад.

Номи Эрон аз 1999 дар феҳристи “кишварҳои муваҷҷиди нигарониҳои хос” зайли ин қонун қарор гирифтааст.  

Ин иддаосозӣ дар ҳоле мунташир мешаванд, ки Амрико ҳатто дар ин замина низ парвандае сиёҳ дорад.

Аз баҳсбарангезтарин вақоеи таърихи Иёлоти Муттаҳида қатли оми фаҷеи Довидиён, яке аз шохаҳои дини масеҳӣ аст, ки ба воқеаи Вако машҳур шуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб дар баёноте дар намози ҷумъаи июни 2009 ба ишора ба воқеаи Вако гуфтанд : “Он чизе, ки дар ин байн аз ҳама бадтар ва зишттар ба чашми ман омад, ин ҳарфҳое буд, ки ба унвони дилсӯзи аз ҳуқуқи башар аз забони давлатмардони амрикоӣ содир шуд, ки мо аз инки бо мардум чунин рафтор бишавад, мухолифем. Шумо чизе ба номи ҳуқуқи инсонро аслан қабул доред!? Афғонистонро кӣ ба хоку хун кашид ва ҳануз ҳам дорад мекашад? Ироқро кӣ зери чакмаи низомиёни худаш таҳқир кард? Дар Амрико–инсон воқеан тааҷҷуб мекунад .....ҳаштоду чанд нафар аз вобастагони фирқаи довудиро зинда-зинда дар оташ сӯзонданд.... Шумо ҳуқуқи башар мефаҳмед яъне чӣ”?