Июн 03, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Шикасти Арабистон дар идораи Ҳарамайни Шарифайн

Ҳайати байналмилалии назорат бар мудирияти Арабистон дар Ҳарамайни Шарифайн бо интиқод аз афзоиши ҳазинаҳои маносики ҳаҷ, эълом кард, Арабистон дар идораи Ҳарамайни Шарифайн шикаст хӯрдааст.

Ба гузориши ИРНА, дар иттилоияи ин ниҳод омадааст: Давлати Саудӣ фаризаи ҳаҷро як фурсати иқтисодӣ ва манбае барои касби даромад дар назар гирифта ва натавониста дар таҳаққуқи адолат байни мусулмонон муваффақ амал кунад.

Ин ҳайат бо интиқод аз афзоиши қимати раводид, ҳазинаи ҳамлу нақл ва молиётҳои сангин бар ҳаҷ аз сӯи давлати Саудӣ, навишт: Қиматҳои ҷадид, анҷоми маносики ҳаҷро натанҳо барои табақоти камдаромад, балки барои ҳамаи мусулмонон душвор кардааст.

 Ин ниҳод бо такрори дархости қаблии худ мабнӣ бар мушорикати муассисаҳо ва ниҳодҳои исломӣ дар идораи умури ҳаҷ, афзуд: Дар ҳоле ки яке аз аҳдофи фаризаи ҳаҷ мусовот ва баробарӣ аст, давлати Саудӣ бо иқдомоти худ ба сурати амдӣ мусулмононро ба ғанӣ ва фақир тақсим кардааст.

 Ҳайати байналмилалии назорат бар чигунагии мудирияти Арабистон бар Ҳарамайни Шарифайн ва маконҳои муқаддас, авоили соли ҷории мелодӣ дар кишвари Малайзия эъломи мавҷудият ва дар аввалин баёнияи худ тасреҳ кард, талош мекунад то аз истифодаи сарзаминҳои муқаддас барои аҳдофи сиёсӣ ҷилавгирӣ кунад.