Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Талафоти ғайринизомиёни афғон дар ҳамалоти Амрико хашми мардумро барангехтааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35102-Абдуллоҳ_Абдуллоҳ_Талафоти_ғайринизомиёни_афғон_дар_ҳамалоти_Амрико_хашми_мардумро_барангехтааст
Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон, ҳамалоти ҳавоии Амрикоро аз авомили талафоти ғайринизомиёни афғон дар 17 соли гузашта донист.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 03, 2018 11:30 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Талафоти ғайринизомиёни афғон дар ҳамалоти Амрико хашми мардумро барангехтааст

Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон, ҳамалоти ҳавоии Амрикоро аз авомили талафоти ғайринизомиёни афғон дар 17 соли гузашта донист.  

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар гуфтугӯ бо Еврониюз таъкид кард, ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба манотиқи мухталифи Афғонистон хашм ва танаффури мардуми ин кишварро барангехтааст.  

Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар ҳоле ҳамалоти ҳавоии Амрикоро аз авомили талафоти ғайринизомиён ва хашми мардуми Афғонистон донистааст, ки ин ҳамалот дар Афғонистон пас аз иҷрои стратегияи Трамп ба 5 баробар афзоиш ёфтааст.