Июн 07, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Футболистҳое, ки аз Фаластин ҳимоят карданд (акс)

Андаке монда ба шурӯи Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия ва дар остонаи рӯзи ҷаҳонии Қудс, режими саҳюнистӣ, ки мехост бо баргузории мусобиқаи футболи дӯстона бо Аргентина барои худ обрӯе бихарад, бо нанги байналмилалӣ, рӯбарӯ шуд.

Ба гузориши “Fares Plus”, ин дидори дӯстона қарор буд дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин баргузор шавад, аммо бо фишори мардуми Аргентина ва гурӯҳҳои зиддиисроилӣ дар саросари ҷаҳон лағв шуд ва ба ин тартиб орзӯи Натаняҳу барбод рафт.

Аргентиниҳо аз даромади як миллиону 400 ҳазор долларӣ (ва дар сурати бозӣ кардани Месси, 300 ҳазор доллар изофа) ин бозӣ гузаштанд, то дар остонаи Ҷоми ҷаҳонии худро дарназари миллатҳои мусулмон манфӯр накунанд.

Габриэль Солано, бозикуни пешини тими миллии футболи Аргентина низ пас аз лағви дидори тими миллии кишвараш бо тими режими ишғолгар, дар сафҳаи шахсии худ ин тавр навишт: «футбол ҳаргиз ба хуни фаластиниҳо олуда намешавад. Ҳаёҳуӣ дидори тадорукотии Аргентина бо Исроил мутаваққиф шуд.»

Image Caption

Илова бар Солано, то кунун футболистҳои саршиносе аз Фаластин ва мардуми мазлуми он, ҳимоят кардаанд.

Криштиану Роналд, ситораи португалии Реал Мадрид чандсол пеш кафшҳои тиллоии худро барои ҳимоят аз кӯдакони фаластинӣ, фурӯхт ва даромади онро сарфи сохти мадраса ва маркази хайрия дар Ғазза кард.

Ӯ ҳатто дар поёни бозии Португалия бо режими саҳюнистӣ, ҳозир ба таъвизи пероҳанаш бо бозикуни тими муқобил нашуд ва ба хабарнигори Алҷазира варзишӣ ҳам, ки аз ӯ пурсид, «шумо дар хоки Исроил ҳастед ё Фаластин?» гуфт: ман дар хоки Фаластинам.

Image Caption

Джанлуиджи Буффон, ситораи машҳур ва маҳбуби ҷаҳони футбол, ки ба тозагӣ аз дунёи ҳирфаӣ худоҳофизӣ карда низ дар рақобатҳои Италия бо фарёдҳои худ, номи Фаластинро ба гӯши ҷаҳон расонда буд.

Image Caption

Диего Армандо Марадона, устураи футболи Аргентина чандсол пеш ҳимояти ошкори худро аз кишвари Фаластин ва мардуми ин сарзамин эълом кард ва ҳатто пас аз дарёфти парчами Фаластин онро муқобил аккосон болои сар бурд.

Image Caption

Рио Фердинанд, мудофеи саршиноси Манчестер Юнайтеди Англия дар замони ҳамалоти густурдаи Исроил ба Ғазза, ки ҳамзамон бо шурӯи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии 2014 буд, дар ҳисоби “Твиттер”-и худ аз мардуми Ғазза ҳимоят кард.

Image Caption

Бозикунони тими миллии Алҷазоир ҳам, ки дар Ҷоми ҷаҳонии 2014 намоиши фавқулодае ба ҷо гузоштанд, тамоми подоши 9 миллион евроии ФИФА-ро ба мардуми Ғазза эҳдо карданд.

Месут Озил, бозикуни олмонии Арсенал низ ҳангом бомбаборони Ғазза аз сӯи Исроил дар соли 2012 нороҳатии худро бобати марги як навҷавони 12 солаи фаластинӣ иброз дошт.

Ин навҷавон дар ҳоле, ки бо пероҳани Озил футбол бозӣ мекард, бо гулӯлаи яке аз сарбозони исроилӣ шаҳид шуд.

Image Caption

Кака бозикуни тими миллии Бразилия замоне, ки дар Италия бозӣ мекард, борҳо ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Ғаззаро маҳкум кард ва онро ваҳшиёна ва зидди инсонӣ хонд.

Image Caption

Эрик Кантона, ситораи собиқи Манчестер Юнайтед ва тими миллии Фаронса  ҳам яке аз касоне буд, ки дар номаи интиқодомез ба Мишель Платини навишт, нажодпарастӣ, нақзи ҳуқуқи башар ва нақзи қавонини байналмилалӣ танҳо намунаҳои кӯчак аз иттифоқоте аст, ки Исроил анҷом медиҳад ва акнун замони он расида, то ҷилави ҷиноёти ин режим гирифта шавад.

Image Caption

Лилиан Тюрам, мудофеи пешини Ювентус ва Барселон низ чанд соли пеш ба яке аз урдугоҳҳои паноҳандагони фаластинӣ бо номи Қаландё дар наздикии Байтулмуқаддас рафт ва ба кӯдакони фаластинӣ омӯзиши футбол дод.

Image Caption